Дархост барои таҳқиқи мустақил, ки рӯзи 2 июн аз сӯи Антонио Гуттериш матраҳ шуд, пас аз он сурат мегирад, ки имдодгарон нерӯҳои исроилиро масъули марги ин афрод донистанд ва артиши Исроил ҳаргуна дахолат дар тирандозиро рад кардааст.
Оҷонси дифои мадании Ғазза эълон кард, ки бар асари тирандозии нерӯҳои исроилӣ, дастикам 31 нафар кушта ва 176 нафар дар наздикии маҳали тақсими кӯмакҳо дар шаҳри Рафаҳ, захмӣ шуданд.
Артиши Исроил гузоришҳо дар бораи даст доштани нерӯҳояш дар тирандозӣ дар дохил ё атрофи ин марказро рад кард ва ҳам мудири ин маркази кӯмакрасонӣ "Ҳамос"-ро ба нашри "овозаҳои дурӯғ", муттаҳам намуд.
Антонио Гуттериш дар баёнияе изҳор дошт, "аз гузоришҳо дар мавриди кушта ва захмӣ шудани фаластиниҳо, ки аз пайи дарёфти кӯмак буданд, ваҳшатзада ҳастам. Ин мавзӯъ ғайри қобили қабул аст, ки фаластиниҳо ҷони худро барои ғизо ба хатар меандозанд".
Шоҳидон мегӯянд, вақте дар саф барои гирифтани хӯрок дар Рафаҳ дар ҷануби Ғазза буданд, ба тарафи онҳо тирандозӣ шудааст.
Ин ҳамон марказе аст, ки чанд рӯз пеш Исроил ва Амрико роҳандозӣ карданд ва зери номи "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" ё GHF, талош дорад ҷойгузини Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои байналмилалии кӯмакрасон дар Ғазза шавад.
Ҳукумати Исроил бо гурӯҳе, ки ин марказро идора мекунад, яъне, "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" ҳамкорӣ кардааст, то тартиби наверо барои тақсими кӯмакҳо дар Ғазза ҷорӣ кунад.
Созмони Милали Муттаҳид ба далели нигаронӣ аз бетарафии ин гурӯҳ, аз ҳамкорӣ бо он худдорӣ кардааст ва бархе аз ниҳодҳои кӯмакрасон мегӯянд, ки ба назар мерасад ин бунёд барои ҳадафҳои низомии Исроил тарроҳӣ шудааст.
Гуфтугӯ