Рӯзи 5 июн дар остонаи Иди Қурбон молбозори шаҳри Кӯлоб сермуштарӣ буд, вале бисёриҳо аз гарон будани нархи гусфанди қурбонӣ изҳори нороҳатӣ мекарданд. Гусфандеро, ки ба гуфтаи онҳо то ду ҳафта пеш 2400 сомонӣ буд, ҳоло ба 2800 сомонӣ пешниҳод мекарданд.
Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода 5 май дар як боздиди ногаҳониаш ба ноҳияи Ҳисор бо ҳолати риққатовари мактабҳои миёна шинос шуд. Акси ин мактабҳоро саҳифаи Фейсбукии вазорати маориф нашр намуд.
Дар Осорхонаи миллӣ дар Душанбе то 25 май намоишгоҳи асарҳои наққоши маъруфи тоҷик Олим Камолов баргузор мешавад. Даҳҳо асар бар пояи достонҳои "Шоҳнома" дар жанри нодири миниатюра эҷод шудаанд
Рӯзи 13 апрел се заминларза Тоҷикистонро такон дод. Мақомот гуфтанд, қувваи заминларза дар марказ, дар минтақаи Рашт 5-6 балл ва дар Душанбе то 4 балл буд. Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи ин ҳодиса як писари сесола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидаанд. Ин омор метавонад ҳар соат тағйир ёбад.
Таҷлили ҷашни Наврӯз имсол дар Тоҷикистон назар ба солҳои пешин тафовут дорад. Дар пайи бекор шудани низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон, сайёҳони эронӣ дар таҷлили Наврӯзи соли 2025 дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасанд.
Аз рӯзи ба дунё омадани Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигори шинохта, 80 сол гузашт. Ӯ 2-юми марти соли 1945 дар рустои Шамтичи ноҳияи Айнӣ зода шуда, тақрибан сӣ сол қабл, дар айёми ҷанги дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба қатл расид.
Тасмими барчидани панҷараҳои оҳанин аз тирезаҳои биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ бори дуюм дар мақоми раисҷумҳури Амрико савганд ёд карда, ба Кохи Сафед бармегардад. Ӯ 78-сола ва раисҷумҳури 47-уми Иёлоти Муттаҳида аст.
1-уми январи соли 2025. Радиои Озодӣ аксҳоро аз таҷлили Соли нав дар гӯшаву канори ҷаҳон гирдоварӣ кард.
Русия рӯзи 20-уми декабр ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳуҷуми густурдаи ҳавоӣ анҷом дод. Дар ин ҳодиса як нафар кушта, як калисои таърихӣ ва чанд бино, аз ҷумла шаш сафоратхона, зарар диданд. Аксҳо аз Киев, рӯзи 20-уми декабри 2024
Мавсими нави бузкашӣ, ки ҳоло дар Тоҷикистон як навъ варзиш медонанд, дар вилояти Хатлон оғоз ёфт. Ин маърака то ҷашни Наврӯз идома хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар