Соли таҳсил ба поён расид ва дар мактабҳо имтиҳонҳо оғоз шуд. Ҳарчанд Вазорати маориф борҳо ҷамъоварии пул барои таъмири мактаб аз мактабхонҳоро беасосу ғайриқонунӣ хонд, аммо бархеҳо мегӯянд, ин кор то кунун давом дорад. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки оё аз фарзандони онҳо низ маблағ талаб мекунанд?